Тоҷикистон: Мудофеъони ҳуқуқи инсон бо таҳдидҳои афзоянда дар муҳити тарс рӯбарӯ ҳастанд – гуфт коршиноси СММ

ДУШАНБЕ (9 декабри соли 2022) Мақомот дар Тоҷикистон бояд вазъияти мудофеъони ҳуқуқи инсонро ба таври куллӣ беҳбуд бахшанд ва фазои пуршиддати тарсро аз байн баранд, – иброз дошт коршиноси мустақили СММ имрӯз пас аз сафари расмии дуҳафтаина ба кишвар.

“Баъзе кормандони давлатӣ дар Ҳукумати Тоҷикистон бо мудофеъони ҳуқуқи инсон ҳамкории мусбат доранд ва баъзе пешрафтҳо дар қонунгузорӣ ба назар мерасанд. Бо вуҷуди ин, бисёре аз онҳое, ки ба таври осоишта аз ҳуқуқҳои дигарон дифоъ мекунанд, зери фишори афзоянда қарор доранд” – гуфт Гузоришгари вижа оид ба вазъи мудофеъони ҳуқуқи инсон Мэрӣ Лолор дар изҳороти худ.

«Вазъи мудофеъони ҳуқуқи инсон бадтар мешавад. Адвокатҳо, журналистҳо ва дигарон барои корашон дар соҳаи ҳуқуқи инсон мавриди ҳадаф қарор мегиранд. Онҳо бо як қатор мушкилот рӯбарӯ шудаанд, ки аз сарбории иловагии маъмурӣ сар карда, то озор, таҳдид, айбдоркунӣ ба ҷиноят, мурофиаҳои пӯшидаи ноодилона ва ҳабсро дар бар мегиранд” – гуфт хонуми Лолор. Фазои фасод, тарс аз таъқиб ва буғӣ кардани мудофеъони ҳуқуқи инсон, ки дар масъалаҳои мушкил кор мекунанд, баъзеҳоро маҷбур кардааст, ки кишварро тарк кунанд.”

Ҳукумати Тоҷикистон бояд вазифаҳо ва уҳдадориҳои байналмилалии худро иҷро кунад ва бо мудофеъони ҳуқуқи инсон барои бунёди ҷомеаи осоишта, одилона ва поквиҷдон ҳамкорӣ кунад.

Гузоришгари вижа дар ҷараёни сафараш бо мақомоти ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе вохӯриҳо анҷом дод ва ҳамчунин ба шаҳри Хуҷанд сафар кард. Ӯ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, вакилони Маҷлиси намояндагон, прокуратураи генаралӣ, суди олӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ суҳбатҳо анҷом дод. Ӯ ҳамчунин аз боздоштгоҳи муваққатӣ боздид карда, дар он ҷо бо мудофеъони ҳуқуқи инсон мулоқот кард. Дархости вай барои боздид аз Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон (вилоят) рад карда шуд.

“Ҳукумати Тоҷикистон бояд дарк кунад, ки пешбарӣ ва ҳимояи мудофеъони ҳуқуқи инсон, ки барои бунёди ҷомеаи одилона ва поквиҷдон кор мекунанд, ба манфиати худи ҳукумат аст” – гуфт Лолор. “Ман аз ҳукумат даъват мекунам, ки ба мудофеъони ҳуқуқи инсон ҳамчун иттифоқчӣ муносибат кунад, на ҳамчун душман.”

Гузоришгари вижаи СММ гузориши пурраро дар бораи сафари худ ба Шӯрои ҳуқуқи инсон дар моҳи марти соли 2024 пешниҳод хоҳад кард.

Поён

Хонум Мери Лолор  Гузоришгари вижа оид ба вазъи мудофеони ҳуқуқи инсон мебошад. Ҳоло вай профессори ғайриштатӣ дар соҳаи бизнес ва ҳуқуқи башар дар маркази инноватсияи иҷтимоӣ дар Коллеҷи Тринитии Мактаби бизнеси шаҳри Дублин мебошад. Дар соли 2001 Front Line Defenders – Бунёди байнулмилалии дифоъ аз мудофеони ҳуқуқи башарро барои равона кардани диққат ба мудофеъони ҳуқуқи инсони дар хатар қарордошта таъсис дод. Ӯ ба сифати директори иҷроия дар солҳои 2001-2016 бунёди Front Line Defenders-ро намояндагӣ кард ва дар рушди он нақши калидӣ дошт. Хонуми Лолор қаблан директори дафтари созмони Афви байналмилал аз соли 1988 то 2000 буд, баъд аз узвият дар Шӯрои директорон аз соли 1975, аз соли 1983 то 1987 президенти ин бунёд интихоб шуд.

Гузоришгарони вижа, коршиносони мустақил ва гурӯҳҳои корӣ бахше аз раванди Расмиёти махсуси Шӯрои ҳуҳуқи башар мебошанд. Расмиёти махсус, бузургтарин ниҳоди коршиносони мустақил дар системаи ҳуқуқи башари СММ, номи умумии механизмҳои мустақили ҷустуҷӯи далелҳо ва мониторинги Шӯро мебошад, ки ҳолатҳои мушаххаси кишвар ё масъалаҳои мавзӯиро дар тамоми нуқтаҳои ҷаҳон матраҳ мекунад. Коршиносони расмиёти махсус дар асоси ихтиёрӣ кор мекунанд; онҳо кормандони расмии СММ нестанд ва барои корашон музд намегиранд. Онҳо вобастаи ягон ҳукумат ё созмон нестанд ва бар асоси қобилияти фардии худ хидмат мекунанд.

Ҳуқуқи башари СММ, саҳифаи кишвар – Tajikistan

Барои иттилооти бештар ва дархост аз ҷониби ВАО, лутфан тамос гиред бо: хонуми Орсолия Тотс (orsolya.toth@un.org / +41 79 444 37 81) ё Суҳроб Шоев (suhrob.shoev@un.org) ё нависед ба hrc-sr-defenders@un.org) дар вақти ташриф / orsolya.toth@un.org )

Дар мавриди дархостҳои ВАО вобаста ба дигар коршиносони мустақили СММ, лутфан тамос гиред бо: Ренато Росарио Де Суза (renato.rosariodesouza@un.org) ё Дҳариша Индрагупта (dharisha.indraguptha@un.org)

Хабарҳои нав дар бораи коршиносони мустақили СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Twitter: @UN_SPExperts

.

Аз ҷаҳоне, ки мо зиндагӣ мекунем, нигарон ҳастӣ?

Пас имрӯз барои ҳуқуқи касе аз АЗ ҶОЯТ БАРХЕЗ.

#Standup4humanrights ва боздид кунед аз саҳифаи
http://www.standup4humanrights.org

Actions

Submit Information

Submit confidential information on a HRD at risk

Communications and Press Releases

How do communications and press releases work?

Contact Mary

Request a meeting with Mary or her team