Мушоҳидаҳои аввалия ва тавсияҳо
9 декабри соли 2022
Хонумҳо ва ҷанобон, намояндагони ВАО,
Ман бо даъвати Ҳукумат аз 28 ноябр то 9 декабри соли 2022 сафари расмӣ ба Тоҷикистон доштам. Ман ба Ҳукумати Тоҷикистон барои даъват ва ҳамкорие, ки барои анҷоми ин сафари расмӣ сурат гирифт, изҳори сипос мекунам.
Пас аз он, ки ман ваколати гузоришгари вижаро дарёфт кардам, ин дувумин кишварест, ки ман сафар мекунам. Зимни сафар ман бо намояндагони вазоратҳои гуногун, аз ҷумла Вазорати корҳои хориҷӣ, дастгоҳи Президент, Вазорати адлия, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Вазорати корҳои дохилӣ мулоқот доштам. Ман инчунин бо намояндагони Маҷлиси намояндагон, Суди Олӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрдам. Ба ман муяссар шуд, ки бо баъзе мудофеъони ҳуқуқи инсон мулоқот намоям, ки ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешаванд. Ман бо аъзои гурӯҳи кишварии СММ, намояндагони ҷомеаи дипломатии муқими Душанбе ва созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалии ҳуқуқи башар низ мулоқот доштам.
Ман бо бисёр мудофеъони дилгарм ва ҷасури ҳуқуқи инсон, аз ҷумла бо аъзоёни созмонҳои ғайридавлатӣ, адвокатҳои ҳимоякунандаи ҳуқуқи инсон, журналистҳо, блогерҳо ва шахсони қишрҳои поёнии ҷомеа вохӯрдам. Ман аз фидокорӣ ва исрорварзӣ ва кори устувори онҳо барои бунёди ҷомеаи одилона ва поквиҷдон, ки ба волоияти қонун асос ёфтааст, ба ваҷд омадам.
Ман ба Хуҷанд сафар кардам ва бо мудофеъони ҳуқуқи инсон вохӯрдам, ки дар вилояти Суғд кор мекунанд ва инчунин бо намояндаи маҳаллии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот кардам. Бо ин ҳол, дархости маро барои сафар кардан ба Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Ҳукумат қонеъ нагардонд.
Имрӯз, 9 декабр Рӯзи мудофеъони ҳуқуқи инсон аст, ки дар ин рӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ қабули Эъломияи мудофеъони ҳуқуқи инсони СММ-ро ҷашн мегирад. Ва пагоҳ Рӯзи ҳуқуқи башар аст, ки ба муносибати қабули Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар таҷлил мешавад. Ҳар дуи ин санадҳо заминаи асосии ваколати маро ташкил медиҳанд ва дар онҳо доираи ҳуқуқҳои мудофеъони ҳуқуқи инсон муайян шудаанд, то онҳо тавонанд фаъолияти худро озод аз ҳар гуна тарсдиҳӣ, репрессия, таъқиб, ба ҷиноят айбдоркунӣ ва оқибатҳои дигар анҷом диҳанд.
Бояд қайд намоям, ки аз рафти суҳбатҳо ман фаҳмидам, ки дар Тоҷикистон фаҳмиши маҳдуд дар бораи мафҳуми мудофеъони ҳуқуқи инсон вуҷуд дорад. Ман инчунин бо таассуф шунидам, ки мудофеъи ҳуқуқи инсон аксари вақтҳо маънои манфӣ дорад ва баъзе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳатто аз мудофеъ номида шудан парҳез мекунанд. Ман бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ин масъаларо муҳокима кардам, ки қабули қонуни махсус дар бораи ҳимояи мудофеъони ҳуқуқи инсон метавонад ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи онҳое мусоидат намояд, ки кори худро вобаста ба ҳуқуқи инсон мутобиқи қонун ва таври осоишта анҷом медиҳанд ва на танҳо ба ҳимояи онҳо мусоидат менамояд, балки боиси қабул ва эътироф шудани онҳо дар дохили ҷомеа мешавад.
Бо дарназардошти таҷлили ин ду солгарди хеле муҳим ман аз устуворӣ ва далерие, ки аъзои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон нишон доданд, бештар рӯҳбаланд шудам. Мудофеъони ҳуқуқи инсон дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла, ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ҳуқуқҳои муҳитизистӣ, кӯмакҳои ҳуқуқӣ, фаъолияти рӯзноманигорӣ, дахолати гуманитарӣ ва бисёр чизҳои дигар, сарфи назар аз ҳолатҳои хеле душвор кори муҳими худро идома доданд.
Аз суҳбатҳои худ бо кормандони расмии ҳукумат, ман ба таври васеъ дар бораи вазъи душвори геополитикӣ ва иқтисодии кишвар дар ҳоли ҳозир огоҳӣ пайдо кардам. Фишорҳое, ки аз вазъ дар Афғонистон, ҷанги Украина ва шиддатнокии муносибатҳо бо Қирғизистон бармеоянд, ҳама ба вазъи нозуки геополитикӣ ва амниятӣ алоқаманд ҳастанд ва дар сиёсат ва амалҳои ҳукумат таъсири худро мегузоранд.
Ҳодисаҳои охир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) аз моҳи ноябри соли 2021 ба ин тараф ба вазъи умумии озодии баён, озодии иттиҳодияҳо ва ҳуқуқи гирдиҳамоии осоишта дар кишвар таъсири манфӣ гузоштаанд. Созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар масоили вобаста ба озодии баён ва озодӣ аз шиканҷа кор мекунанд, аз ҷониби мақомоти давлатӣ бо таъқибҳои васеъ рӯбарӯ мешаванд. Дар ҳолатҳои зиёде намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ барои бозпурсӣ даъват шудаанд. Дар баъзе мавридҳо телефону ноутбукҳои онҳо бидуни қарори суд барои санҷиш мусодира карда шудаанд. Аз ин рӯ, вазъият дар ВМКБ ба қобилияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати фаъолият дар кишвар таъсири васеътар гузоштааст ва ба назар мерасад, ки дар муносибати мақомот нисбат ба созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ як лаҳзаи тағйирёбандаро нишон додааст. Ман афсӯс мехӯрам, ки натавонистам дар бораи вазъи мудофеъони ҳуқуқи инсон дар ВМКБ маълумоти дасти аввал ҷамъоварӣ намоям.
Ҳамзамон, ман мехоҳам таъкид намоям, ки маҳдудиятҳои дар боло зикршуда ҳукуматро аз уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон озод намекунад, ки кишвар ихтиёран иҷро намудани онҳоро бар дӯш гирифтааст. Ман ба ҳукумати Тоҷикистон барои пешниҳод намудани гузоришҳо ба ниҳодҳои масъул ба санадҳо ва паймонҳо оид ба ҳуқуқи инсон, раванди Шарҳи универсалии давравӣ (UPR) ва ҳамчунин ҷавобҳои пешниҳодшуда ба мукотибаҳои (коммуникатсияҳои) ирсолшуда аз ҷониби дорандагони ваколати расмиёти махсус изҳори сипос менамоям.
Ман аз он рӯҳбаланд шудам, ки Нақшаи миллии амал оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати татбиқи тавсияҳои механизмҳои ҳуқуқи инсони СММ таҳия шудааст, вале ман аз суръати сусти раванди татбиқи он ва ҳамнчунин аз набудани машварати аслӣ ва пурмазмун бо аъзоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иштироки пурраи онҳо нигарон ҳастам. Уҳдадории воқеӣ ба ҳуқуқҳои инсон бояд дар қадамҳои мушаххаси амалӣ дар самти татбиқи он нишон дода шавад. Ман ҳамчунин мехоҳам ҳукуматро ташвиқ намоям, ки ба ҳамаи мукотибаҳо (коммуникатсияҳо) ҷавобҳои саривақтӣ ва асосдор пешниҳод кунад, ки ман ва дигар дорандагони ваколати тартиботи махсус ирсол кардаанд.
Ман ҳамчунин аз қабули Қонун “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”дар моҳи июли соли 2022 рӯҳбаланд шудам, ки ин қадами муҳим дар самти дуруст мебошад. Ман аз ҳукумат даъват менамоям, ки иҷрои ҳамаҷонибаи онро бо иштироки пурраи ҳамаи гурӯҳҳои манфиатдори ҷомеа ва дигар ҷонибҳои манфиатдори дахлдор идома диҳад. Ман инчунин умедвор ҳастам, ки ҳукумат метавонад уҳдадориҳои худро иҷро намояд ва гурӯҳҳои дигари уҳдадориҳо дар ояндаи наздик ба таври возеҳ ба Қонун “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз” ҳамчун заминаҳои муҳофизат аз табъиз, аз ҷумла занони гирифтори ВНМО, шахсони ЛГБТИ ва онҳое, ки барои ҳуқуқҳои худ кор мекунанд, дохил карда мешаванд.
Ман ҳамчунин мехоҳам зарурати иштироки бештар ва пурмазмуни ҷомеаи шаҳрвандиро дар таҳияи қонунгузорӣ ва сиёсатҳои нав таъкид намоям. Бисёр муҳим аст, ки садоҳои ҳамаи шахсони дахлдор ҳангоми қабул кардани қарорҳо шунида шаванд, аз ҷумла тавассути дастрас намудани лоиҳаҳои қонунҳо барои шарҳу эзоҳҳо ва гузаронидани машваратҳои шаффофу пурмазмун бо тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла мудофеъони ҳуқуқи инсон, ки онҳо бо масъалаҳои аз нигоҳи ҳукумат “ҳассос” машғул мебошанд.
Ҳангоми муҳокимаҳо бо ҷонибҳои гуногуни манфиатдор ман фаҳмидам, ки ҳамкории байни созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳукумат аксари вақтҳо дугона аст. Аз як тараф, ҳукумат як қатор созмонҳои ғайридавлатиро ба гурӯҳҳои корӣ оид ба таҳияи қонунгузорӣ ва сиёсатҳои нав, ба монанди Қонуни дар боло зикршуда “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз”, ислоҳоти низоми муассисаҳои ислоҳӣ, таъмини баробарии гендерӣ дар чорчӯби гурӯҳи мониторингии Эътилофи зидди шиканҷа, шахсони дорои маъюбият ва ғайра ҷалб намудааст. Ҳамаи ин қадамҳои қобили таҳсин дар самти дуруст мебошанд. Дар айни замон, бисёре аз ҳамон як мудофеъони ҳуқуқи инсон ва созмонҳои ғайридавлатӣ гузориш додаанд, ки бо онҳо машварат намекунанд, онҳо таҳти фишор қарор доранд ва дар шароити ба таври афзоянда сахт ва пешгӯинашаванда фаъолият мекунанд. Ба ин мудофеъони ҳуқуқи инсон, ки дар минтақаҳои дурдаст, деҳот ва наздисарҳадӣ кор мекунанд ва ҳамчунин аъзоёни Эътилофи зидди шиканҷа дохил мешаванд.
Баъзе мудофеъони ҳуқуқи инсон ҳатто аз тарси дар оянда мавриди таъқиби эҳтимолӣ қарор қарор гирифтан, намехостанд шахсан бо ман вохӯранд. Ман мехоҳам таъкид намоям, ки дастрасӣ ва ҳамкорӣ бо СММ, аз ҷумла идораҳо ва намояндагони он дар соҳаи ҳуқуқи инсон набояд ба ҳеҷ ваҷҳ маҳдуд карда шавад. Онҳое, ки бо СММ ва идораҳои гуногуни он оид ба ҳуқуқи инсон ҳамкорӣ мекунанд, бояд ин корро бидуни тарс аз таҳдид, таъқиб ва дигар оқибатҳои манфӣ барои худ ё аъзоёни оилаашон анҷом диҳанд.
Ҳоло ман мехоҳам дар ин ҷо баъзе аз намунаҳои ташвишовареро қайд намоям, ки дар ҷараёни боздиди худ мушоҳида кардам.
Аввал, тавре ки дар боло зикр карда шуд, дар бораи истилоҳи “мудофеъони ҳуқуқи инсон” фаҳмиши маҳдуд вуҷуд дорад: Онҳо кистанд? Онҳо чӣ кор мекунанд? Чӣ гуна метавон онҳоро шинохт? Мутобиқи Эъломияи мудофеъони ҳуқуқи инсони СММ (моддаи 1), “Ҳар шахс ҳуқуқ дорад, ки ба таври инфиродӣ ва якҷо бо дигарон барои ҳимоя ва амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат ва талош намояд”.
Дуюм, мудофеъони ҳуқуқи инсон чунин мешуморанд, ки нигарониҳои онҳо дар муҳокимаҳои асосӣ, ба монанди лоиҳаи Қонун “Дар бораи созмонҳои ғайритиҷоратӣ”, ки ҳоло мавриди баррасӣ қарор доранд, ба таври кофӣ дар назар гирифта намешаванд.
Сеюм, мудофеъони ҳуқуқи инсон дар баъзе мавридҳо ҳамчун экстремистҳо, террористҳо ва/ё агентҳои хориҷӣ номида шудаанд. Қонун “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, Қонун “Дар бораи муқовимат ба терроризм” ва моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ се санади қонунгузорие мебошанд, ки барои ҷиноят ҳисобидан (криминализатсия) ва боздошти мудофеъони ҳуқуқи инсон истифода мешаванд. Ҳарчанд ман мушкилотеро дарк мекунам, ки ҳукумат бо онҳо дар робита ба амният ва таҳдидҳои террористӣ рӯ ба рӯ мешавад; ҳукумат бояд эътироф намояд, ки мудофеъони ҳуқуқи инсон душман нестанд, онҳо ҳамчунин барои ҷомеаи осоишта, адолатпарвар ва поквиҷдон талош мекунанд ва набояд бо экстремистҳо ва террористҳои воқеӣ алоқаманд карда шаванд.
Чаҳорум, ман шунидам, ки мудофеъони ҳуқуқи инсон мавриди санҷишҳои зиёд ва пурсишҳои ғайрирасмӣ қарор мегиранд. Ҳарчанд Кумитаи андоз метавонад дар ду сол як маротиба ва Вазорати адлия дар се сол як маротиба санҷишҳо баргузор намояд, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ метавонад ҳар вақт санҷиш гузаронад. Ман зимни вохӯриҳо бо мудофеъони ҳуқуқи инсон мушоҳида кардам, ки махсусан онҳое, ки дар мавзӯъҳои вобаста ба ҳодисаҳои ВМКБ кор мекунанд, таҳти фишор тавассути боздидҳо, пурсишҳо ва санҷишҳои бешумори мақомот қарор доранд.
Панҷум, мудофеъони ҳуқуқи инсон ва созмонҳои ғайридавлатии онҳо бо сарбории афзоишёбандаи маъмурӣ ба таври назаррас рӯ ба рӯ ҳастанд, ки ин метавонад ба созмонҳои хурд ва дорои захираҳои нокофӣ махсусан таъсири манфӣ расонад. Ман ду талаботи нигаронкунандаро дар ин маврид мушоҳида кардам:
- Якум, тағйироту иловаҳо ба Қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”, ки дар соли 2015 қабул карда шудааст, аз ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ талаб мекунанд, ки дар бораи гирифтани грантҳо ва дигар маблағҳо аз манбаъҳои хориҷӣ ба Вазорати адлия гузориш диҳанд. Талабот оид ба пешниҳод намудани гузориш тавассути тартиби огоҳсозӣ бо истифода аз шакли гузоришдиҳии аз ҷониби ҳукумат тасдиқшуда амалӣ карда мешавад. Ин барои созмонҳои ғайридавлатӣ сарбории иловагии маъмуриро эҷод мекунад ва эҳтимолан он метавонад барои муттаҳам кардани онҳо дар маблағгузории экстремизм истифода шавад. Он ҳамчунин метавонад ба дастрасии созмонҳои ғайридавлатӣ ба маблағгузорӣ монеъ шавад ва ба қатъи фаъолияти онҳо оварда расонад.
- Дуюм, дар Қонун ҳамчунин муқаррар карда шудааст, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм” мақоми бақайдгиранда дар ҳолати шубҳа ё мавҷудияти асосҳои кофӣ бояд ба Департаменти мониторинги молиявӣ (Бонки миллӣ) дар бораи он гузориш диҳад, ки созмони ҷамъиятӣ ҷамъоварии маблағ аз созмонҳои террористӣ ё экстремистиро рӯпӯш мекунад ё ҳамчун воситаи маблағгузории терроризм ё экстремизм амал мекунад. Бо вуҷуди ин, ифодаи “дар ҳолати шубҳа” норавшан аст ва бо дарназардошти фазои сиёсии кунунии Тоҷикистон мумкин аст барои маҳдуд кардани фаъолияти созмонҳо истифода шавад.
Низоми мустақили судӣ ва адвокатҳои ҳимоякунандаи ҳуқуқи инсон
Низоми мустақили судӣ барои ҷомеаи демократӣ ва волоияти қонун бисёр муҳим аст. Дар ҳоле ки Низоми мустақили судӣ дар Конститутсия (Сарқонун) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба таври расмӣ муқаррар карда шудааст, ман дар бораи мустақил набудани низоми судӣ ҳам дар ҷанбаҳои муайяни қонунгузорӣ ва ҳам бар асари дахолати дигар шохаҳои хукумат, махсусан ҳокимияти иҷроия, инчунин дигар доираҳои хусусию ҳизбӣ нигарониҳои зиёдро шунидам. Ин ба қобилияти мудофеъони ҳуқуқи инсон барои гирифтани мурофиаи одилона ва ба таври кофӣ намояндагӣ кардани муштариён таъсири мустақим дорад.
Ман дар бораи он нигарониҳои зиёдеро шунидаам, ки судяҳо наметавонанд мустақилона оид ба парвандаҳои мавриди баррасиашон қарор қабул кунанд, вале онҳо таҳти фишори дастгоҳи амниятӣ ва инчунин манфиатҳои тиҷорати маҳаллӣ қарор доранд. Парвандаи як судя ба маълумоти ман расонида шуд. Вай дар ҳоли ҳозир ба далели мавқеъи мустақили худ бо айби ҷиноятӣ рӯ ба рӯ аст.
Судяҳо аз ҷониби Президент ба муҳлатҳои муайяни ваколат таъйин карда мешаванд, ки ба мустақилияти онҳо таъсири назаррас мерасонад. Адвокатҳое, ки мехоҳанд ба фаъолияти адвокатӣ машғул шаванд, бояд аз аттестатсияи Вазорати адлия тавассути Комиссияи тахассусии он гузаранд. Коллегияи адвокатҳо (Иттифоқи адвокатҳо) танҳо ҳуҷҷатҳои ибтидоиро баррасӣ мекунад, вале дар аккредитатсия ва назорати сифати кори адвокатҳо нақши кам дорад ё тамоман нақш надорад, ки ин онҳоро осебпазир ва аз ҳокимияти иҷроия, махсусан Вазорати адлия вобаста мекунад. Аттестатсияҳо танҳо барои 5 сол эътибор доранд, ки пас аз он онҳо бояд бо супоридани имтиҳони дигар тамдид карда шаванд. Ман аз он рӯҳбаланд ҳастам, ки дар ҳоли ҳозир дар байни Иттифоқи адвокатҳо ва Вазорати адлия оид ба ислоҳоти раванди тахассусии адвокатҳо муҳокимаҳо идома доранд. Ман аз ҳукумат қатъиян хоҳиш мекунам, ки вазифаҳоеро, ки ҳоло Комиссияи тахассусӣ иҷро мекунад, ба ихтиёри Коллегияи адвокатҳо (Иттиҳоди адвокатҳо) гузаронад. Ин маҳдудиятҳо ба одамон имконият намедиҳанд, ки ба адвокатҳои ҳимоякунандаи ҳуқуқи инсон табдил шаванд.
Ман ҳамчунин бо нигаронии зиёд шунидам, ки пас аз қабули Қонун “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ” дар соли 2015 шумораи адвокатҳо дар кишвар ба таври назаррас коҳиш ёфтааст ва чанд ноҳияе ҳастанд, ки дар онҳо дар ҳоли ҳозир адвокатҳо фаъолият намекунанд. Набудани шумораи кофии адвокатҳо, ки бо фишорҳои ба онҳо расонидашаванда тақвият меёбад, махсусан онҳое, ки бо парвандаҳои мудофеъони ҳуқуқи инсон ё шахсони муттаҳам ба терроризм ё экстремизм машғул мебошанд, дар амал боиси он мешавад, ки онҳо дар муҳити бисёр душвор қарор мегиранд ва аксари вақтҳо пайдо кардани адвокатҳои омода барои намояндагӣ кардан аз мудофеъони ҳуқуқи инсон имконнопазир аст.
Ман чанд гузориш дарёфт кардам, ки адвокатҳо бо муштариёне робита доштанд, ки дар парвандаҳои онҳо кӯмаки ҳуқуқӣ расонидаанд. Ман мехоҳам ба ҳукумат хотиррасон намоям, ки мутобиқи Принсипҳои асосӣ дар бораи нақши адвокатҳо, онҳо набояд бо муштариёни худ ё манфиатҳои муштариёни худ дар натиҷаи иҷрои вазифаҳояшон иртибот дода шаванд.
Баъзе аз адвокатҳо бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои вобаста ба экстремизм муттаҳам карда шудаанд. Пас аз эълони гуноҳ, адвокатҳо дигар наметавонанд ба фаъолияти адвокатӣ машғул шаванд, ҳатто агар баъдан айбдоркунӣ бекор карда шуда, онҳо сафед карда шаванд.
Ман ҳамчунин гузоришҳоеро дар бораи мурофиаҳои ноодилонаи мудофеъони ҳуқуқи инсон шунидам. Мутобиқи қонуни байналмиллалии ҳуқуқи инсон, ҳар шахс ба муҳокимаи одилона ва ошкоро аз ҷониби суди салоҳиятдор, мустақил, беғараз ва мутобиқи қонун ташкилшуда ҳуқуқ дорад. Матбуот ва ҷомеа мумкин аст аз мушоҳидаи мурофиаи судӣ танҳо бо шумораи маҳдуди сабабҳо ва танҳо ба андозаи қатъии зарурӣ истисно карда шаванд. Мурофиаҳои судие, ки дар боздоштгоҳҳо баргузор мешаванд, дар амал иштироки ҷомеа ё матбуотро истисно мекунанд, вале бидуни қарори расмии суд дар бораи таъйини мурофиаи пӯшида ва аз рӯи таъриф ин ба стандартҳои мурофиаи одилона ва ошкоро мутобиқи қонуни байналмилалӣ мувофиқат намекунанд.
Озодии баён/вазъияти журналистҳое, ки дар соҳаи ҳуқуқи инсон кор мекунанд
Ман аз саркӯби возеҳи назарҳои дигарандешон, аз ҷумла назарҳое, ки ҳам мутобиқи арзишҳо, анъанаҳо ва манфиатҳои кишвар эҳтиром карда намешаванд, сахт нигарон ҳастам. Мулоқотҳои ман дар тӯли ин ду ҳафтаи гузашта нишон доданд, ки таъқиби журналистҳои мустақил, ки дар бораи мудофеъони ҳуқуқи инсон кор мекунанд, дар соли 2016 оғоз шуда, пас аз ҳодисаҳои ВМКБ дар соли 2021 ба поинтарин нуқтаи худ расидааст. Ба гуфтаи шахсоне, ки ман бо онҳо вохӯрдам, кор кардан дар замони ҷанги шаҳрвандӣ нисбат ба ҳозир осонтар буд. То имрӯз шумораи расонаҳои мустақили вуҷуддошта камтар аз 10 ададро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, дастрасӣ ба интернет ва иттилоот маҳдуд аст, ки ба расонаҳои давлатӣ имконият медиҳад, ки мубодилаи иттилоотро бо шаҳрвандони Тоҷикистон назорат кунанд.
Мутаассифона, боздиди ман аз кишвар нишон дод, ки журналистҳо ва блогерҳо-мудофеъони ҳуқуқи инсон бо василаҳои гуногун мавриди ҳадаф қарор мегиранд. Дар тӯли 6 моҳи охир, тақрибан 20 журналист ва блогер дар бораи дастгир ва боздошт шудан гузориш додаанд. Ман дар ин ҳафта тавонистам бо чанде аз онҳо дар ҳабси пешакӣ вохӯрам ва ман нигарон ҳастам, ки онҳо дар пайи тафтишоти нокофӣ ва мурофиаҳо дар шароити пӯшида бо миқдори ками далелҳои боэътимод айбдор карда шудаанд. Қонунҳо дар бораи пешгирии экстремизм ва мубориза бо терроризм барои мавриди ҳадаф гирифтан ва криминализатсияи мудофеъони ҳуқуқи инсон истифода мешаванд, ки онҳо журналистҳои мустақил, блогерҳои шаҳрвандӣ ва дигар кормандони расонаҳо мебошанд. Баъзе аз онҳое, ки ҳодисаҳои ВМКБ-ро инъикос мекарданд, мавриди ҳамлаи ҷисмонӣ қарор гирифта, таҷҳизоташон мусодира карда шудаанд. Ҳамлаҳои киберӣ, таҳқиру зӯргӯӣ, туҳмат ва озордиҳӣ ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба занон-мудофеъони ҳуқуқи инсон ба таври васеъ паҳн шудаанд. Муҳтавои (контенти) қалбакӣ ва/ё маҳрамона баъзан бо мақсади нобуд кардан ё паст задани обрӯ ва қонунияти онҳо дар интернет мубодила карда мешавад. Журналистҳое, ки ҳамзамон мудофеъони ҳуқуқи инсон мебошанд, дар бораи пайгирӣ, шикастани (взлом) дастгоҳҳои шахсии худ ва нусхабардорӣ кардани онҳо гузориш додаанд.
Ман ҳамчунин қайд менамоям, ки зуд-зуд нав кардани аккредитатсияи журналистҳои фаъолияткунанда дар соҳаи ҳуқуқи инсон аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ имконият намедиҳад, ки журналистҳо кори худро ба таври пайдарпай ва мустақилона пеш баранд. Дар ҳоли ҳозир аккредитатсия ба журналистҳо ё расонаҳои нав дода намешавад.
Мудофеъони ҷавони ҳуқуқи инсон
Ман ҳамчунин шунидам, ки ҷавононе, ки ба ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ доранд, наметавонанд ба осонӣ ба иттилоот ё маводҳои ташвиқкунандаи фаъолияти осоиштаи онҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон дастрасӣ пайдо кунанд. Ҳарчанд дар вохӯриҳои ман бо шахсони мансабдори идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Вазорати корҳои дохилӣ онҳо аз пешрафти таҳсилот дар соҳаи ҳуқуқи инсон ёдовар шуданд, мудофеъони ҳуқуқи инсон гузориш доданд, ки дар мактабҳо маводҳои таълимӣ оид ба ҳуқуқи инсон, махсусан ба забони тоҷикӣ бисёр кам ҳастанд. Ин ҳолат боз ҳам бо муқаррароти Вазорати маориф тақвият меёбад, ки иштироки хонандагонро дар фаъолиятҳои созмонҳои ғайридавлатӣ дар тӯли соатҳои дарсӣ манъ мекунад.
Набудани таваҷҷуҳ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ
Ман ҳамчунин бо мудофеъони ҳуқуқи инсон вохӯрдам ва аз онҳо шунидам, ки ба хотири ҳифзи худ тасмим гирифтаанд, ҳадди ақал муваққатан ба хотири амнияти худ ва аҳли оилаашон Тоҷикистонро тарк кунанд. Ба даст овардани паноҳгоҳҳои бехатар аксари вақтҳо хатарнок аст ва мутобиқи гузоришҳо, баъзе аз аз онҳо иҷборан ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд. Чунин ба назар мерасад, ки ин падида пас аз ҳодисаҳои ВМКБ бадтар шудааст. Тарафҳои дахлдор ба ман хабар доданд, ки онҳо дар ин масъала бо Гурӯҳи кории СММ оид ба нопадидшавии маҷбурӣ ва ғайриихтиёрӣ кор мекунанд.
Онҳое, ки бояд фирор кунанд, аксари вақтҳо барои расидан ба ҷои амн ба раводид ниёз доранд. Бо вуҷуди ин, онҳо дар бораи душвориҳои афзоянда ҷиҳати дарёфт намудани раводиди фаврӣ ва пайдо намудани иттилоот дар бораи ҳамоҳангсози таъйиншуда оид ба масъалаҳои мудофеъони ҳуқуқи инсон дар сафорат гузориш медиҳанд.
Бисёре аз мудофеъони ҳуқуқи инсон аз набудани иштироки пурмазмуни сафоратҳо ва идораҳои байналмилалӣ шикоят карданд. Онҳо ба ман гуфтанд, ки худро таркшуда эҳсос мекунанд ва бояд ба дастгирии якдигар такя кунанд. Яке аз онҳо гуфт, ки онҳо худро бо мушкилоти худ танҳо эҳсос мекунанд.
Ман мехоҳам ба сафоратҳои Британияи Кабир ва ИМА дар Тоҷикистон хотиррасон намоям, ки онҳо бояд дастурамалҳои аз ҷониби ҳукуматҳои худ содиршударо роҷеъ ба ҳимоя ва дастгирии мудофеъони ҳуқуқи инсон иҷро кунанд. Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бояд дастурамалҳои Иттиҳодияи Аврупоро оид ба мудофеъони ҳуқуқи инсон риоя кунанд, ки дар он чораҳои зарурӣ дар ин замина ба таври муфассал баён карда шудаанд. Бо вуҷуди ин, гузоришҳои ноумедкунанда аз ҷониби мудофеъони ҳуқуқи инсон, ки ман дар ин ҷо бо онҳо суҳбат кардам, нишон медиҳанд, ки ин дастурамалҳо ба таври номувофиқ татбиқ карда мешаванд ё дар баъзе ҳолатҳо нодида гирифта мешаванд.
Тавсияҳои аввалия:
- Ман ба таври қатъӣ тавсия медиҳам, ки қонуни ҳамаҷонибаи фарогир дар бораи ҳимояи мудофеъони ҳуқуқи инсон мувофиқи стандартҳои қобили татбиқи ҳуқуқи инсон қабул карда шавад.
- Мустақилияти низоми судӣ бояд хеле баланд бардошта шавад. Мурофиаҳои судӣ бояд ба таври одилона, кушода ва шаффоф гузаронида шаванд ва дастрасии нозирони миллӣ ва байналмилалӣ мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ фароҳам шавад.
- Ҳамаи мудофеъони ҳуқуқи инсон, ки ҳоло дар раванди баррасии парвандаи ҷиноӣ қарор доранд ё маҳкум шудаанд, бояд фавран озод карда шаванд.
- Воситаҳои ахбори омма ва журналистҳои мустақил бояд бидуни фишор, тарсдиҳӣ ё ба ҷиноят айбдор шудан дар мавриди ҳама гуна масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон кор кунанд ва ё таҳқиқот гузаронанд. Мақомот бояд расонаҳои мустақилро дастгирӣ кунанд. Он ба обрӯи байналмилалии паёмҳои ҳукумат мусоидат хоҳад кард, ки расонаҳои таҳти назорати давлат ин корро карда наметавонанд.
- Ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла мудофеъони ҳуқуқи инсон, бояд бидуни маҳдудиятҳои ғайриқонунӣ, сарбории аз ҳад зиёди маъмурӣ, таҳдидҳо ва ҳама гуна шаклҳои дигари таъқиб озодона фаъолият кунанд. Мудофеъони ҳуқуқи инсон шарикони калидӣ дар бунёди ҷомеаи одилона ва поквиҷдон мебошанд ва таҷрибаи бузурге доранд, ки аз он тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон метавонанд баҳра баранд.
- Агар ҳукумати Тоҷикистон бо 70 дарсади аҳолии иборат аз одамони гуногун ва озодандешаи дорои синни камтар аз 30-сола ба таври қобили мулоҳиза ҳамкорӣ накунад ва ба он дастрасии озод ба иттилооти мустақил, аз ҷумла маводҳо дар бораи ҳуқуқи инсонро иҷозат надиҳад, чунин шароит боиси тақвияти ҷаҳолат ва экстремизм (ифротгароӣ) хоҳад шуд.
- Сафоратҳо, намояндагии Иттиҳодияи Аврупо ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ ва САҲА, бояд минбаъд низ ҳамбастагӣ нишон диҳанд ва бо мудофеъони ҳуқуқи инсон, аз тариқи вохӯрӣ бо онҳо дар алоҳидагӣ ё дастаҷамъӣ, ба чорабиниҳои худ даъват кардани онҳо, боздид аз офисҳои онҳо, баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи нақши онҳо ва назорати мурофиаҳои судӣ эътимод эҷод кунанд. Эҷоди эътимоди зарурӣ бо мудофеъон дар як шаб рӯй намедиҳад, аммо сафоратҳо ва созмонҳои байналмилалӣ бояд пайваста барои он талош кунанд.
Ман гузориши худро дар моҳи марти соли 2024 ба Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ пешниҳод хоҳам кард, ки дар он мушоҳидаҳо ва тавсияҳо ба таври пурра дар бораи сафари ман ба Тоҷикистон оварда мешаванд. Ман ба ҳамкории давомдори мақомоти дахлдор умед дорам.
Сипосгузорам.